МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ЯК ЖАНРИ НОМУСТАҚИЛ ДАР АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ СЎФИЯ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирсаид Бањром Тоњир, н.и.ф.,.pdf)МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ЯК ЖАНРИ НОМУСТАҚИЛ ДАР АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ СЎФИЯМУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ЯК ЖАНРИ НОМУСТАҚИЛ ДАР АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ СЎФИЯ3

 


МУАЛЛИФ: Мирсаид Баҳром Тоҳир, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров», директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суѓд(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Маќола ба шарњи як жанри номустаќили адабиёту фарњанги сўфия – њарора бахшида шудааст. Муаллиф дар оѓоз доир ба хусусиятњои тариќатњои ирфонӣ, нишонањои асосӣ ва анъанаву русуми сўфиён сухан ронда, истилоњњои раќсу самоъ ва майли ањли сулукро ба жанрњои ѓиноии рубоиву дубайтӣ ва ѓазал шарњ медињад. Аз тадќиќот бармеояд, ки маҷлисњои раќсу самои сўфиёна дар заминаи суруду мусиќии хос сурат гирифта, боиси маҷлисороии ин ќавми озода мегардидааст. Дар баробари ин, шеъру суруд ё суханеро, ки боиси гармии маҷлиси раќс ва шўру ваҷди сўфиён мегардидааст, њарора ном доштааст. Дар маќола маънињои зиёди луѓавии ин мафњум, пешинаи корбурди он дар адабиёти ирфонӣ, ёдкарди он дар ѓазалњо ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ њамаҷињата тавзењ ёфтааст. Аз баррасињои муаллиф маълум мегардад, ки тадриҷан ин жанр ба санъати театри халќӣ омезиш ёфта, ба мањфили ширинкориву пардабозӣ мубаддал мешавад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Адабиёти сўфия, маломатия, мавлавия, тариќат, раќс, самоъ, рубоӣ, дубайтӣ, тарона, шеъри малњун, њарора, Мавлоно, Абўсаиди Абулхайр, луъбатбозӣ, хаёлбозӣ, пардабозӣ