Тозанашр
«РАВЗАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАД ИБНИ МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ
МУАЛЛИФ: Насриддинов Фахриддин Абдуманонович, доктори илми филология, профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар маќола «Равзат-ул-мулук»-и Муњаммад ибни Муњаммади Хуҷандӣ (соли таълиф 755 њ./1354 м.) муаррифӣ гардидааст. Мавзуъ дар чањор мабњас ба таври алоњида мавриди баррасӣ ќарор гирифтааст. Якум: Баррасии нусхашиносӣ. Дар ин мабњас бо шеваи нусхашиносии тавсифӣ ва таърихӣ хусусиятњои муњимми шинохти дастхатти асар, ба мисли навъи хат, коѓаз, ҷилд, зањрия, тарќима, шеваи китобат, котиб, таърихи истинсох ва ѓ. муфассал тањќиќ шудааст. Дуюм: Шахсияти муаллиф. Дар мабњаси мазкур бо такя бар матни асар ва сарчашмањои муътамад шахсияти муаллиф бозшиносӣ гардидааст. Сеюм: Соњибдавлате, ки китоб ба ў бахшида шудааст. Тањќиќи масъалаи ин мабњас асосан бар асоси сарчашмањои таърихии асри XIV анҷом ёфта, дар он рўзгори амире, ки асар ба ў эњдо гардидааст, бо асноди нодир баррасӣ ёфтааст. Чорум: Таркиб ва тарњи таълиф. Мабњаси мазкур шомили гузориши даќиќ аз сохту таркиби асар мебошад. Дар он њамаи ќисматњои асар бо зикри унвони бобу фаслњо ва зербањсњо даќиќ нишон дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
«Равзат-ул-мулук», Хуҷанд, Муњаммад ибни Муњаммади Хуҷандӣ, Музейи Тўпќописарой, Ањмади солис, Ќуштами Носирӣ, нусха, нусхашиносӣ, донишмандони тоҷик