ОЁТИ ОШКОРУ ПИНҲОН ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Султонзода Тољибой Султонї,.pdf)ОЁТИ ОШКОРУ ПИНҲОН ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢОЁТИ ОШКОРУ ПИНҲОН ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ1

 


МУАЛЛИФ: Султонзода Тоҷибой Султонӣ, доктори илми филология, профессори МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин шоҳкориҳои олами адабу ирфон ба ҳисоб меравад, ки онро Қуръон дар забони паҳлавӣ меноманд. Дар бораи иртиботи «Маснавӣ» бо Қуръон таҳқиқоти зиёде сурат гирифта, робитаи он бо китоби осмонӣ ба вузуҳ равшан аст. Дар ин китоб мисли аксари сарчашмаҳои дигари ирфонӣ аз оёту аҳодиси қуръонӣ ба таври васеъ истифода бурда шудааст. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки шарҳу таъвили байтҳои «Маснавии маънавӣ» бо истифода аз Қуръон, осори дигари Мавлоно, кутуби ирфону тасаввуф ва таълифоти муҳаққиқону шореҳони пешин сурат бигирад. Дар ин мақола дар мавриди роҳу усулҳои истифодаи оятҳои Қуръони карим дар «Маснавӣ» мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Маснавӣ, Қуръон, маъонии ќуръонӣ, Шайх Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ, Фаредуни Сипаҳсолор, оёти ошкору пинҳон