Тозанашр
МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСӢ ВА ПАЖУҲИШУ НАШРИ МЕРОСИ ТОЛИБИ ОМУЛӢ
МУАЛЛИФ: Нуров Нуралӣ Норович, д.и.ф., директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Толиби Омулӣ аз ҷумлаи суханварони пештози сабки ҳиндӣ эътироф гардидааст, ки тавассути ҷилварезии вежагиҳои муҳимми ҳунари шоирӣ, аз ҷумла маъниофаринӣ, корбурди шоиронаи истиорот, истифодаи истилоҳоти хос, мазмунофариниҳо тавассути номвожаҳо мақом ва ҷойгоҳи хосе дар қаламрави сабки ҳиндӣ пайдо намудааст. Ӯ баъд аз сафари Ҳинд на танҳо дар қаламрави ин сарзамин ва зодгоҳаш Эрон, балки дар Фароруд низ маҳбубияти тамом пайдо намуд, ки намунаҳои ашъори шоирони ин ҳавза, ки ифодагари иродати эшон ба шоиранд, шореҳи ҳақиқати ин амранд. Ҳамин маҳбубияти Толиб қарнҳо боз идома ёфта меояд, ки самараи он таваҷҷуҳи хос ба тасҳеҳу нашр ва таҳқиқи осораш дар Тоҷикистон мебошад. Мақола ба таҳқиқу баррасии масоили марбут ба тасҳеҳ, нашр, матншиносӣ ва таҳқиқи осори Толиби Омулӣ дар Тоҷикистон ва зарурати таҷдиди интишори он дар тамоми ҳавзаҳои забону адабиёти форсӣ, ҳамкориҳо дар анҷоми ин кор бахшида шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Толиби Омулӣ, ғазал, сабки ҳиндӣ, тасҳеҳ, нашр ва таҳқиқ, матншиносӣ, вежагиҳои адабӣ, забоншиносии ғазалиёт.