Тозанашр
АКАДЕМИК З.Ш. РАҶАБОВ ДАР БОРАИ ШЎРИШИ СОЛИ 1916
МУАЛЛИФ: Зарипова Гулчеҳра Саидмуҳамадовна, сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ ш.Хуҷанд (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола он асарҳои таърихшиноси барҷастаи тоҷик, академик З.Ш. Раҷабов, ки ба Шўриши соли 1916 дар Хуҷанд бахшида шудаанд, мавриди тањлилу тањќиќ ќарор гирифтаанд. Муаллиф нишон медињад, ки чи тавр академик З. Раҷабов дар таърихнигории шӯравии тоҷик яке аз аввалинҳо шуда, дар гузоришу маърузаҳо ва мақолаву рисолањояш тавонистааст, ки доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи ин шӯриш маълумотҳои нав пешкаш намояд ва андешаҳои худро баён намояд. Муаллиф ба хулосае меояд, ки аз нигоњи академик З.Ш. Раҷабов Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд ва умуман дар Осиёи Миёна як навъ њаракати оммавӣ, озодихоҳии миллӣ ва пешќадам буд, зеро он ба сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳии рус зарбаи ҳалкунанда зад, ба муқобили истисморгарони маҳаллӣ нигаронида шуд ва ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ маҳсуб меёфт.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
академик З.Ш. Раҷабов, Шўриши соли 1916, Хуҷанд, Дунган, корњои аќибгоњ, сафарбаркунӣ, њаракати халќӣ, маъмурияти подшоњии рус, истисморгарони мањаллӣ, сиёсати мустамликадорӣ.