Тозанашр
АЗ ТАЪРИХИ САҲМИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИЮ ОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ СОҲИБТАХАССУС АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН
МУАЛЛИФ: Воҳидова Гулнора Абдулатифовна, омӯзгори кафедраи таърихи тоҷикӣ МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола саҳми муассисаҳои таҳсилоти касбию олии вилояти Суғд дар рушди ҳунарҳои миллӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби занону духтарон инъикос ёфтааст. Қайд гардидааст, ки омузиш ва тањќиќи масъалањои тайёр кардани кадрњои тахассусманд дар самтњои гуногуни ќишри ҷомеа яке аз муњимтарин маќсадњои илми таърихшиносии муосир маҳсуб меёбад. Муаллифи мақола дар асоси омӯзиш ва истифодаи сарчашмаҳои илмӣ ва оммавӣ тавонистааст, ки саҳми муассисаҳои таҳсилоти касбию олии вилояти Суғд мавриди таҳқиқ қарор дода, нақши ин муассисаҳоро дар омода намудани кадрҳо аз њисоби духтарону занон ва инчунин барои тањкими њунару њармандии ҷумҳурӣ муайян кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҳунарҳои миллӣ, занони ҳунарманд, устод, шогирд, мутахассис, фарҳанги миллӣ, муассиса, саҳм.