Тозанашр
ЗУҲУРИ ШАРОИТИ СИЁСӢ БАРОИ ТАСХИРИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ҶОНИБИ РУСИЯИ ПОДШОХӢ ( АЗ МАЪХАЗЊОИ ИБТИДОӢ)
МУАЛЛИФ: Саидов Султон Махмадович, н.и.ф., дотсент; Қурбонова Гуландом Тохировна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар сиёсатҳои геополитикӣ ва минтақавии қудратҳои бузург, чун Русия, Британияи кабир ва Туркияи усмонӣ дар асри XVIII, ибтидои асри ХХ, ташаннуҷи муборизањои сиёсӣ миёни онҳо, хусусан миёни Русия ва Англия барои соҳиб шудан ба Осиёи Миёна авҷ мегирифтанд. Пушида нест, ки Русия дар муносиботи сиёсӣ-дипломатии хониҳои Осиёи Миёна дар охири асри XVIII ибтидои асри ХХ, ҷойгоҳи калон дошт. Тоҷирон низ дар рушди муносибатњои дипломатии хонињои Осиёи Миёна бо мамолики њамҷавор дар охири асри XVIII - ибтидои асри ХХ, нақши муайян доштанд. Зимни таҳқиқи масоили таърихнигории таърихи муносиботи байнидавлатии халқҳои Осиёи Миёна дар охири асри XVIII - ибтидои асри ХХ муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ ба омӯзиши осори гуногуни таърихӣ, мисли ёддоштҳои таърихии ашхоси гуногун, сафарномаҳо, қайдҳои сафар дар саҳифаҳои дафтари хотироти сафирон, тоҷирон, сайёҳон, асирони дур аз ватан монда ва ғайраҳо пардохтаанд, ки асоси мавзуи таҳқиқотии олимони таърихнигор гаштааст. Фаро гирифтани муҳтавои ҳама осори хаттӣ ва сарчашмаҳои бо хатти арабиасоси тоҷикӣ нигошта шуда аз имконият берун аст. Лекин, ба қадри имконият аз ҳамаи сарчашмаҳои дастрас барои равшан намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва муносиботи дипломатии кишварҳои Осиёи Миёна бо ҳамсоякишварҳо дар охири асри XVIII - ибтидои асри ХХ истифода кардан мумкин аст
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Осиёи Миёна, асри XVIII, ибтидои асри ХХ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, муносиботи дипломатии кишварҳо, Русия ва Англия.