Тозанашр
ИНЪИКОСИ ЛИБОС-ПӮШОКИ ТОҶИКОНИ ПОМИР ВА НАЗДИПОМИР ДАР АСАРҲОИ ШАРҚШИНОСОНИ РУС (НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ XX)
МУАЛЛИФ: Маҳмудова Назира Солихӯҷаевна, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақола ба масъалаи саҳми шарқшиносони рус дар омӯзиши маданияти моддӣ ва ҳаёти маишии аҳолии Помир ва Наздипомир (Қаротегин ва Дарвоз) бахшида шудааст. Қайд карда шудааст, ки либос яке аз беҳтарин сарчашма барои омӯзиши таърихи халқҳо ба шумор меравад. Шарқшиносони рус сарулибоси мардуми ин минтақаро омӯхта зикр кардаанд, ки аксарияти тоҷикони Помир ва Наздипомир дар нимаи дуюми асри XIX – ибтидои асри XX камбағалона, қашшоқона умр ба сар мебурданд. Бино ба қайди олимон сарулибосро худашон медӯхтанд Ҳар як соҳибхоназан метавонист ҳам барои худаш ва ҳам барои аъзои оилааш либос дӯзад. Асарҳои шарқшиносони рус ,ки ба масъалаи ҳаёти фарҳанги аҳолии Помир ва Наздипомир бахшида шудааст ва маводи бойгониҳо мавриди таҳлил қарор гирифта таъкид шудааст, ки дар омӯзиши либос-пушоки аҳолии Помир ва Наздипомир саҳми олимон И.И Зарубин, А.Серебренников, В.Н.Николский, М.С.Андреев, А.А. Бобринский, Семенов А.А., А.К.Писарчик ва дигарон хеле назаррас аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шарқшиносони рус, ҷома, матои пашмин, салла, пойафзол, сарватмандон, камбағалон.