Тозанашр
ТАЪСИРИ ОМИЛҲО ВА ШАРОИТ БА РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚА
МУАЛЛИФ: Ҷумаев Аскарҷон Қаюмович, н.и.и., дотсенти кафедраи молия, бонк ва фаъолияти гумрукии МД «Донишкадаи байналмилалии Хуљанд»-и Донишгоњи байналмилалии сайёњї ва соњибкории Тољикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола сатҳи рушди устувор, ки низомҳои иҷтимоӣ-экологӣ-иқтисодии минтақавӣ, натиҷаи омезиши омилҳои муҳити беруна ва дохилии минтақа, таъсири мусбат ё манфӣ ба ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият ва рушди маҳаллиро дар худ ифода менамояд, баррасӣ гардидааст. Ба омилҳои беруна аз қабили сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва қувваҳои дигари аҳамияти назаррас доштаро дарбар мегирад. Асоси иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди устувор амали муайян намудани маҷмуи тадбирҳои глобалии мубориза бар зидди камбизоатӣ; тағйир сохтори истеъмолот; танзими афзоиши аҳолӣ; ҳифзи саломатии инсон; мусоидат ба рушди устувори минтақаҳо нигаронида шудаанд. Ғайр аз он, равандҳои асосӣ ва тафсири рушди устувор нисбати фаъолияти ичтимоӣ – иқтисодӣ ва экологии минтақаҳо дар Тоҷикистони муосир баррасӣ гардидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
рушди устувор, омили таклифот, институтсионалӣ, модели миллии рушди устувор, ҳадафҳои рушди устувор, омили талабот, омили тақсимот.