МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Султонова М.М..pdf) МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢМАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ5

 


МУАЛЛИФ: Султонова Манзура Музаффаровна, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷменти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Мақола бо муайян кардани нақш ва аҳамияти рушди зернизоми инноватсионии минтақавӣ оғоз шуда, зарурати рушди пешрафта дар илм ва татбиқи натиҷаҳоро дар иқтисоди минтақа баён мекунад. Зернизоми инноватсионии минтақавӣ (ЗИМ) ҳамчун маҷмуи унсурҳои ба ҳам алоқаманд баррасӣ карда мешавад. Ғояе қайд карда мешавад, ки асоси инкишофи ЗИМ таъмин намудани раванди ба иқтисодиёти вилоят гузарондани тадқиқоти илмӣ, ҳамчун яке аз роҳҳои тараққӣ додани сектори саноатии вилоят мебошад. Ҳангоми омӯзиши ЗИМ ҳамчун як қисми низоми инноватсионии миллӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оварда шуд. Рӯйхати унсурҳои ЗИМ пешниҳод карда мешавад ва ҳар як унсур ҳамчун ҷузъи мустақили зернизом ҳисобида мешавад. Ҷадвал ҳадафи функсионалии ҳар як элементро тавсиф мекунад. Бо дарназардошти он, ки ЗИМ раванди мураккаб ва динамикӣ аст, дар мақола марҳилаҳои муайяни рушд, ки пайдарпай ҳамчун марҳилаи арзёбии иқтидори инноватсионии минтақа, марҳилаи таҳияи стратегияи рушди инноватсия дар минтақа таҳлил карда мешаванд, баррасӣ мегардад. Марҳилаи ташкили инфрасохтори инноватсионӣ, марҳилаи ошкор намудани шаклҳои инфрасохтори инноватсионӣ, марҳилаи арзёбии самаранокии татбиқи ЗИМ, низ оварда шудааст. Њамчунин дар мақола омӯзиши мукаммали марҳилаҳои ташаккули зерсистемаи инноватсионии минтақавӣ оварда шудааст ва барои мутахассисоне, ки дар соҳаи инноватсия ва рушди минтақавӣ кор мекунанд, манбаи мувофиқ ва дуруст ҳисобида мешавад.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

инноватсия, низом, зернизом, стратегия, минтақа, марҳила, раванд, захира, рушд, натиҷа, тадқиқоти илмӣ