ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ОМИЛИ ТАВАРРУМ ДАР АМАЛИЁТИ АМОНАТГУЗОРИИ БОНКӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ АВТОМАТИКУНОНИИ ОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарипов А.Қ., Ахмедов М.А..pdf)ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ОМИЛИ ТАВАРРУМ ДАР АМАЛИЁТИ АМОНАТГУЗОРИИ БОНКӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ АВТОТАҲЛИЛИ НАҚШИ ОМИЛИ ТАВАРРУМ ДАР АМАЛИЁТИ АМОНАТГУЗОРИИ БОНКӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ АВТОМАТИКУНОНИИ ОН4

 


МУАЛЛИФ: Шарипов Абдураҳим Қодирович, н.и.физ.-мат., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон; Ахмедов Мақсудҷон Абдуворисович, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)  

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи таҳияи системаи автоматикунонидашудаи ҳисобкунии нишондиҳандаҳои амалиёти бонкии амонатӣ бо дарназардошти омили таваррум баррасӣ мешавад. «Калкулятори депзитӣ» пешниҳод шудааст, ки омили таваррумро ба назар мегирад ва як мисоли умумии «ҳисобкунакҳои депозит»-ҳои мавҷудаи бонк мебошад. Дар мақолаи мазкур масъалаи сохтани системаи автоматикунонии амалиёти амонатгузории бонкӣ бо дарназардошти омили таваррум дида баромада шудааст. Системаи автоматикунонидаи пешниҳодшударо ҳолати умумии системаҳои автоматикунонидашудаи бонкӣ, ки онҳо барои гузаронидани амалиёти амонатгузории бонкӣ бе дарназардоши таваррум таъинот доранд, ҳисобидан мумкин аст, чунки ҳангоми ба инобат нагирифтани омили таваррум системаи коркардшудаи муаллифон системаи автоматикунонидашудаи бонкиро такрор мекунад. Инчунин, он усули ҳисобкунии автоматии нишондиҳандаҳои депозитҳои бонкиро бо дарназардошти омили таваррум пешбинӣ мекунад. Ҳоло ба шарофати ин системаи автоматикунонидашуда пасандозгузор ҳангоми анҷом додани амалиёти амонатӣ имкон дорад, ки бо истифода аз ин система даромади воқеии худро муайян кунад ва талафоти молиявиро аз таваррум муайян намояд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

таваррум, пасандоз, маблағи ибтидоӣ ва ниҳоии пасандоз, муҳлати пасандози бонкӣ, фоизи бонкӣ, даромади фоизӣ ва талафоти молиявӣ, калкулятор, системаи автоматикунонидашуда.