ТАҶРИБАИ ХОРИҶӢ ДАР АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ МИНТАҚАВӢ ВА ИМКОНИЯТИ МУТОБИҚНАМОИИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Пӯлотова Х.Ш., Каримова Н.Р., Хоҷаева П.Р..pdf)ТАҶРИБАИ ХОРИҶӢ ДАР АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ МИНТАҚАВӢ ВА ИМКОНИЯТИ МУТОБИҚНАМОИИ ОТАҶРИБАИ ХОРИҶӢ ДАР АМАЛИГАРДОНИИ СИЁСАТИ МИНТАҚАВӢ ВА ИМКОНИЯТИ МУТОБИҚНАМОИИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН4

 


МУАЛЛИФ: Пӯлодова Хуршеда Шарифҷоновна, н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг; Каримова Наргиза Расуловна, муаллими кафедраи кори бонкӣ; Хӯҷаева Парвинахон Фарруховна, докторанти PhD-и кафедраи идоракунии иќтисодиёт ва маркетинги МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)  

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола хусусиятҳои сиёсати минтақавии кишварҳое, ки аз рӯи намуд ва сатҳи рушд аз ҳам фарқ мекунанд ва таҷрибаи бойи онҳо бо ин ё он сабаб барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷолиби диққат мебошад, баррасӣ шудааст. Ба омӯзиши муносибатҳои ташкилӣ-иқтисодие, ки дар раванди татбиқ ва инкишофи сиёсати минтақавӣ ташаккул меёбанд, диққати махсус дода шудааст. Зикр гардидааст, ки ҳадафи он баробарсозии сатҳи рушди минтақаҳои алоҳида, таъмин намудани сатҳи муносиби зиндагии аҳолӣ ва истифодаи самараноки иқтидори захиравию истеҳсолии кишвар мебошад. Оид ба истифодаи таҷрибаи хориҷӣ барои таҳияи механизми ташкилию иқтисодии ташаккул ва татбиқи сиёсати минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод шудаанд. Дар сурати амалӣ гардонидани тадбирҳои рушди минтақавӣ дар дохили кишвар, ба динамикаи мусбати пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат ноил гардидан мумкин аст.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

сиёсати минтақавӣ, минтақа, идоракунии минтақавӣ, муаммоҳои минтақавӣ, барномаҳои минтақавӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, баробарнамоии минтақавӣ.