ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛИ КАСБӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ахмедов У.Х..pdf)ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛИ КАСБӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛИ КАСБӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТ3

 


МУАЛЛИФ: Ахмедов Усманжон Хамиджонович, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҳамчун омили асосии рушди инноватсионии мамлакат зарурияти ислоҳоти таҳсилот ва омода намудан, аз ҷумла рушди таҳсилоти муттасили кадрҳо асоснок карда шудааст. Дар шароити бо сураъти баланд рушд намудани илму техника ва гузариш ба сохтори пасазиндустриалӣ, зиддият байни сатҳи омодагии касбии кадрҳо, ки ба иқтисодиёт зарур мебошанд ва сатҳи омодагии касбии кадрҳое, ки низоми таҳсилоти касбӣ пешниҳод мекунад, ба амал меояд, яъне кандашавӣ байни сатҳи рушди илму техника ва сатҳи омодагии касбии мутахассисон мушоҳида карда мешавад, ки он дар тағйирёбии мазмуну мундариҷаи меҳнат, кӯчиданҳо дар сохтори касбию тахассусии кадрҳо намоён мегардад. Ин кандашавиро тариқи ташкили таҳсилоти муттасил аз байн бурдан мумкин аст ва он бояд характери пешраванда дошта бошад. Дар мақола шаклҳои таҳсилоти муттасил ва пояи қонунгузории он баррасӣ гашта, таҷрибаи ширкатҳои хориҷӣ омӯхта шудааст, дар асоси он пешниҳодҳо доир ба ташкили таҳсилоти муттасил дар корхонаҳои ватанӣ тавсия карда шудааст.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

рушди инноватсионӣ, таҳсилоти муттасил, таҳсилоти касбӣ, рушди илму техника, тахассуси корманд, таҳсилоти расмӣ, таҳсилоти ғайрирасмӣ, таҳсилоти ғайринақшавӣ (худомӯзӣ), такмили ихтисос, азнавомодакунии кадрҳо.