Тозанашр
НАШРИЯИ “САМАРҚАНД” – МУБАЛЛИҒИ АФКОРИ ПЕШРАВ
МУАЛЛИФ: Шехов Абдуқодир Абдурауфович, н.и.ф., дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров; Муродова Меҳрангез Муродовна, магистранти соли 2 ихтисоси рӯзноманигории МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллифон дар бораи яке аз нашрияҳои дузабонаи оғози садаи бист- «Самарқанд» маълумоти муфассалро пешниҳод намудааст. Бино ба таъкиди муаллифони мақола дар саҳифаҳои рӯзномаи «Самарқанд» маводи ҷолиби равшангарон ба монанди Абдурауфи Фитрат, Ҳоҷӣ Муин, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Ҳоҷи Мирзо Ибрат, Сиддиқӣ ва худи Беҳбудӣ дарҷ гардидаанд, ки тамоми масоили умдаи он замонро фаро гирифтаанд. Омӯзиши рӯзнома нишон медиҳад, ки нашрия бештар афкори пешраву ҳадафҳои волои маорифпарваронро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намуда, ҳамзамон аҳли ҷомеаро ба ислоҳи ҷомеа ва таълиму тадриси макотиби замона талаб намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
рӯзномаи “Самарқанд”, садаи бист, маорифпарварон, М.Беҳбудӣ, М.Сироҷ, матбуот