ШЕЪРИ ЛОИҚ ДАР ОИНАИ НАҚДУ БАРРАСИҲОИ ГУЛНАЗАР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирсаидов М.М..pdf)Мирсаидов М.М.ШЕЪРИ ЛОИҚ ДАР ОИНАИ НАҚДУ БАРРАСИҲОИ ГУЛНАЗАР2

 


МУАЛЛИФ: Мирсаидов Манишвар Мирсаидович,  унвонљўи кафедраи адабиёти муосири тољики МДТ  «ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров»(Тоҷикистон,Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба арзёбии арзишҳои китоби Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар «Лоиқе чун Лоиқе» бахшида шуда, дар он моҳияти ҷустуҷўҳои ў дар заминаи маќоми Лоиќ Шералӣ ба сифати шоири барҷастаи тоҷик ва наќши ў дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри гузашта   мавриди баррасӣ ќарор гирифтааст. Ин асар яке аз аввалин намунаҳои барҷастаи нақди нависандагии тоҷик дар бораи шахсияту эҷодиёти Лоиқ Шералӣ буда, ба таври мушаххас марҳилаҳои камолоти ин суханвари соҳибмактабро дар бар мегирад. Бо дар назардошти арзишҳои рисола муаллиф кўшиш намудааст, ки равиши лоиқшиносии Гулназарро ҳамаҷиҳата ба нақду баррасӣ гирифта, саҳми ўро на танҳо дар бозгўи маќоми Лоиќ Шералӣ, инчунин наќши хосаи ўро дар тањаввули адабиёти тоҷикии солҳои 60-уми асри ХХ, дигаргуниҳои сохториву сифатии назми нимаи дуюми ҳамин ќарн, оѓози робитаҳои адабӣ ва таҳкими ҳамкориҳои адибони Тоҷикистону Эрон дар мисоли ашъори Нодири Нодирпур, эҳёи жанрҳои анъанавии лирикӣ пайванди адабиёти хаттӣ бо мероси халќӣ, шарҳи бадеии худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҷасорати адабӣ  ва дигар нишонаҳои барҷастаи осори ин адиби тавонои тоҷик рўнамо созад.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Нақди нависандагӣ, Лоиқ, Гулназар, Нодирпур, «Лоиқе чун Лоиқе», шеъри нав, навоварӣ, мавзуъ, ҷасорати адабӣ, рубоӣ, дубайтӣ, ѓазал, суруд