Тозанашр
РУШДИ МАҶАЛЛАИ «САДОИ ШАРҚ» ДАР ДАВРАИ РАҲБАРИИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
МУАЛЛИФ: Раҷабов Боҳир Мукаммилович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар ин мақола дар бораи нуфузи таҷассуми худшиносиву худогоҳии таърихӣ, тозагии муҳити маънавӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии гузашта ва ѓайра, ки дар замони роҳбарии Лоиқ Шералї дар маҷаллаи “Садои Шарқ” сухан рафтааст. Ба бардошти муаллиф Лоиқ Шералӣ дар осори мансури солњои 70-у ми хеш барои дигарон намунаи ибрат гардида, аксари чунин навиштаҳояшро дар саҳифаҳои маҷалла ба чоп расонидааст. Аз баррасиҳои анҷомёфта чунин натиҷа ба миён гузошта шудааст, ки Лоиќ Шералї дар ин давра ба сифати мудири шуъбаи назми маҷаллаи адабии «Садои Шарќ» бештар ба рушди камолоти сухану суханварї, равнаќи адабиёти тоҷик, фароњам овардани шароити мусоид ба офаридани асарҳои хубу марѓуби замонавї, тарбия ва парвариши эљодкорони ҷавон ва ѓайра машѓул шуда ва ба пешрафти ҳаёти адабии кишвар мусоидат кардааст. Ба хулосаи муҳаққиқ аз нимаи дувуми солҳои 80-уми асри ХХ, бевежа, дар солҳои роҳбарии худ ба маҷаллаи “Садои Шарқ” барои рушди ҳамаҷониба ва бахшҳои он ба таври шоиста мусоидат намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Худогоҳии таърихӣ, адабиёти тоҷик, муқаддасоти миллїӣ давраи роҳбарии Лоиқ Шералӣ, маҷаллаи “Садои Шарқ”, рушди адабиёт ва матбуот