Тозанашр
БАҲСЕ ДАР АТРОФИ АШЪОРИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ АДАБИИ ОН
МУАЛЛИФ: Мирзоев Садриддин Холович, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ашъори яке аз шоирони Оли Хуҷанди Исфаҳон-Соинуддини Хуҷандӣ (1369-1433) ва вижагиҳои шеъри ӯ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Аксари њамзамонон ва муҳаққиқони минбаъда Хоҷа Соинуддинро шоири хушбаён гуфтаанд, аммо то имрӯз девони ашъораш нашр нашудааст. Таъкид мешавад, ки муаллиф аз маљмуаи шумораи 10196, Китобхонаи маљлиси Шурои исломӣ ва тазкираҳои “Арафот-ул- ошиқин”, “ Ҳафт иқлим ” ва “ Риёз- уш- шуаро” ашъори Соинуддин Алиро пайдо кардааст, ки шомили 12 ғазал, 12 рубои, 4 фард байт ва чанд қитъаи арабӣ мебошад. Ашъоре, ки дар ин сарчашмаҳо сабт гардида, бештар дар қолаби ғазалу рубоӣ ва қитъа ба ду забон: арабӣ ва форсии тоҷикӣ навишта шудаанд, ки бозгӯи сабки нависандагӣ ва ҳунари шоирии Хоҷа Соин буда, вай дар ин ашъор «Алӣ» тахаллус кардааст. Зикр шудааст, ки муњимтарин хосияти шеъри Хоҷа Соинуддин он аст, ки ашъораш ба тарзи вуќуъ аст. Истифодаи вожањо ва таркиботи писандида, тасвирњои дилкашу зудошно аз махсусиятҳои дигари шеъри Соинуддин мебошад. Ашъори Соинуддини Хуљандї аз љињати миќдор андак бошанд њам, аммо аз лињози камоли балоѓат ва зарофат дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ маќоми вижаеро сазоворанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Соинуддини Хуҷандӣ, ашъори форсию арабӣ, нусхаҳои хаттӣ, муҳимтарин вижагиҳои шеъри Соинуддин, қолабҳои шеърӣ