Тозанашр
МУШКИЛОТИ ШАРҲИ ҒАЗАЛҲОИ ҲОФИЗ
МУАЛЛИФ: Бобоева Муътабархон Саидмуртазоевна,н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷикӣ МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола мушкилоти сохторӣ ва дурунмоягии ғазалиёти Ҳофиз ҳамчун замина ва омили аслии пайдоиш ва интишори шарҳҳо таҳқиқ ва баррасӣ шуда, дар ин равиш шарҳи ашъори мушкила, саҳву хатои носехон, дигаргуншавии контексти воқеияти замон, тафаккури хонандагон, душвории андешаву орои шоир, афзудани нусахи носаҳеҳ, густариши пайвандҳои адабӣ миёни минтақаҳои гуногуни ҷуғрофиёӣ ва ташаккули афкори тасаввуфиву андешаҳои орифона ҳамчун омили таъсиргузор арзёбӣ шудааст. Бо назардошти воқеияти вазъи фаҳми шеъри Ҳофиз, равиши усулии шарҳнигорӣ ва тафсиру таъвили ғазалиёти шоир баъзе шуруҳоти дар замонҳои гуногун таълифшуда, аз ҷумла шурӯҳи Шайх Озарӣ, Убайдуллоҳи Чиштӣ, Ҷаллолуддини Давонӣ, Хатмии Лоҳурӣ, Афзалии Аллоҳободӣ, Мирзохони Баракӣ ва Мавлоно Бадруддин мавриди таҳлил қарор гирифта мавқеияти назари онҳо дар шинохт ва шарҳи мушкилоти ғазалиёти Ҳофиз мушаххас карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шарҳ, таъвил, мушкилот, ғазалҳо, шореҳ, замина, омил, сохтор, дарунмоя, вожа, сурат, маънӣ, воқеашиносӣ, ирфонӣ, таърихмеҳварӣ