ВИЖАГИҲОИ ШЕЪРИ МАДҲӢ-СИТОИШИИ ЗАМОНИ САЛҶУҚИЁН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хайдаров Ф.Н..pdf)Ҳайдаров Ф.Н.ВИЖАГИҲОИ ШЕЪРИ МАДҲӢ-СИТОИШИИ ЗАМОНИ САЛҶУҚИЁН3

 


МУАЛЛИФ: Ҳайдаров Фахриддин Наботович, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола вижагиҳои шеъри мадҳӣ-ситоишии замони Салҷуқиён баррасӣ гардида, муаллиф бо пешниҳод кардани далоили зиёд кӯшиш ба харљ додааст, ки ба таври дақиқ махсусиятњои хоси шеъри мадҳӣ-ситоишии замони Салҷуќиёнро муайян намояд. Барои арзёбии масъалаи мазкур  муҳаққиқ ба арзёбии маълумоти муаллифони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ва ёддошти муҳаққиқони муосир дар ҳамин масъала пардохтааст. Муаллифи маќола аз љумла таъкид менамояд, ки шоирони дигари асри X, ки амирони Сомониро мадҳу ситоиш  мекарданд, илова бар он ки ин корро барои худ вазифаи шоирї медонистанд, аз эњсосоти воқеӣ бархӯрдор буданд, зеро амирон ва мамдуҳони эшон аз миёни мардуми маҳаллӣ ва бумї бархоста буданд. Аз нимаи дуюми ќарни панљум, ки таќрибан шуруи давраи Салљуќиён аст, ба тадриҷ таѓйирот ва тањаввулоти зиёде вориди шеър гардид ва сабку услуби ќасидапардозї ва тарзи баёни маќсади шоир дигар  шуд. Нуктаи ќобили таваљљуњ он аст, ки рушди адабиёти касбии дарборї дар ин давра, пеш аз ҳама, аз рушду нумўъ ва тавсеаи забони форсӣ-тољикї вобаста буд, зеро забони расмї ва коргузории дарбори салҷуќиён форсӣ-тоҷикӣ буд.  Дар баробари ин, пеш аз ҳама, вазирон, ки забони шеър барояшон забони модарӣ буд, ҳомиёни шоирон буданд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Муиззӣ, шеъри мадҳӣ-ситоишӣ, Салҷуқиён, қасида, ситоиш