Тозанашр
ТАКРОР ДАР ДЕВОНИ СОИБИ ТАБРЕЗӢ
МУАЛЛИФ: Ӯрунова Мавҷуда Рустамовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола оид ба яке аз мушаххасоти сабки фардии Соиби Табрезӣ – такрор маълумот фароҳам оварда шудааст. Муаллифи мақола аз баррасиву таҳлили девони Соиби Табрезӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки ин суханвари маънигаро дар ғазалиёти хеш бисёр калимаву ибораҳои шоиронаро ба такрор истифода карда, ба дарёфти мазмуну матолиби тоза дастёб гардидааст. Дар қисме аз ғазалҳои шоир мисраву байтҳо айнан ва ё бо тағйироти ҷузъӣ мукарраран зикр шуда, барои ифодаи мазомини мухталиф хизмат кардаанд. Муаллиф, ҳамчунин таъкид менамояд, ки такрори ҷуфтҳои тасвирсоз дар девони Соиби Табрезӣ басомади зиёд дошта, барои тасдиқи андешаҳои мухталифмазмуни суханвар нақш бозидаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Соиби Табрезӣ, девон, ғазалиёт, такрори алфозу иборот ва мисраву абёт, ҷуфтҳои тасвирсоз, мазмунсозиву маъниофаринӣ