Тозанашр
МАРҲИЛАҲОИ ШАКЛГИРИИ НУТҚИ ШИФОҲӢ ВА ШАКЛҲОИ ГУФТОР ДАР ВАҚТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИИ МАКТАБҲОИ ТОҶИКӢ
МУАЛЛИФ: Бойтемиров Рустам Мавлонбекович, сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар ин мақола масъалаи ташаккули нутқ ва шаклҳои хаттиву шифоҳии он ҳангоми таълими забони русӣ дар синфҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, зеро пажуњиш дар ин самт мубрам ва суњим арзёбї мешавад. Қайд карда мешавад, ки нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи нақшаи хеле сода сурат мегирад, вале аз сабаби надоштани малакаи мувофиқи онҳо ба ҳар ҳол таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунад. Сохтори чаҳор шакли асосии нутқ, аз қабили: нутқи афкорӣ, гуфтугӯи шифоҳӣ, гуфтори монологии шифоҳӣ ва гуфтори монологии хаттӣ тавсиф карда мешавад. Зикр мегардад, ки дар раванд бояд ба эҷоди ҳолатҳои нутқӣ ва эҷоди муколамаҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
нутқи пурҳаяҷон, нутқи шифоҳӣ, гуфтори монологӣ, гуфтори диологӣ, нутқи хаттӣ, ҳолатҳои нутқ, модели анъанавӣ