СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-7 ДАР ДАРСИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Исмоилова М.А..pdf)Исмоилова М.А.СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-7 ДАР ДАРСИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ3

 


МУАЛЛИФ: Исмоилова Мадина Абдураҳимовна, докторанти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ“ДДХ ба номи Б.Ғафуров”( Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

 

Дар мақола оид ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии хонандагон дар дарси санъати тасвирӣ тавассути асарҳои рассомони тоҷик дар мисоли чеҳранигории симои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан рафтааст. Таъкид мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун симои ибратбахш дар тарбияи ватандӯстии хонандагон метавонад хизмат намояд, зеро Сарвари кишвар баҳри пойдории сулҳ ва баромадан аз вартаи ҳалокат хизматҳои шоиста кардаанд, ки ин  корнамоиҳоро мусаввирон  дар осори хеш тасвир сохтаанд. Муаллиф асарҳои эҷодии рассомони тоҷик, аз ҷумла Ғафурҷон Ҷӯраев, Абдурраҳим Ҷабборов ва Абдурраҳмон Исроиловро, ки ба чеҳранигории Эмомалӣ Раҳмон ихтисос ёфтаанд, мавриди таҳлил қарор дода, тавассути методи суҳбат ва пурсиш бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносиро  самарабахш донистааст. Хулоса мешавад, ки портретҳои дар мавзуи Президенти Тоҷикистон офаридашудаи рассомони тоҷик, на танҳо барои ифодаи олами зоҳириву ботинии афроди алоҳида, балки барои расидан ба ҳадафҳои тарбиявию таълимӣ низ хизмат мекунанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

тарбияи миллӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, хонандагон, рассом, симои Эмомалӣ Раҳмон, асари эҷодӣ, Президенти кишвар