Тозанашр
УСУЛ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
МУАЛЛИФ: Шарифов Мирзобоқӣ, унвонҷӯйи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масоили истифодаи усул ва технологияҳои ҳифзи саломатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ баррасӣ шуда, аз ҷумла таъкид шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташаккули шахсияти солими ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас мебошад ва ҳар як муассисаи таълимии алоҳида бояд дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки баланд бардоштани сифати раванди таълим ва тарбия бошад ва ҳангоми банақшагирии фаъолияти худ, омўзгор на танҳо вазифаҳои дар назди таълим ва тарбия қарордоштаро ба назар гирад, балки мақсади ҳифзи саломатии шогирдонашро дошта бошад. Дар ин росто, муаллиф технологияҳои ҳифзи саломатӣ, маҷмуи шаклу усул ва принсипҳои ташкили раванди таълимро, ки ба саломатии хонандагон нигаронида шудааст, мавриди баррасӣ ва таҳлилу тавсиф қарор додааст, махсусан андешаҳои Абуалӣ ибни Синоро оид ба аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро барои саломатӣ ба таври муфассал манзур кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
технологияи ҳифзи саломатӣ, раванди таълиму тарбия, мафҳуми ҳифзи саломатӣ, фаъолият, насли наврас, муассисаи таълимӣ, роҳҳои самаранок, сифати таълим, банақшагирии раванди таълим