ҶАНБАҲОИ АХЛОҚИИ ИНЪИКОСИ НИЗОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ҒАЗЗА ДАР ВАО-И БАЙНАЛХАЛҚӢ: RT ВА CNN ЧУН НАМУНА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Саяд В.Н..pdf)Саяд В.Н.ҶАНБАҲОИ АХЛОҚИИ ИНЪИКОСИ НИЗОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ҒАЗЗА ДАР ВАО-И БАЙНАЛХАЛҚӢ: RT ВА CNN ЧУН НАМУНА2

 


МУАЛЛИФ: Саяд Валид Набилд, аспирати Донишгоҳи дӯстии халқҳои  Русия ба номи Патриса Лумумби (Русия)  

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Дар ин мақола масоили зерин мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд: То куҷо расонаҳои байналмилалӣ, ба хусус RT ва CNN дар инъикоси муноқишаи Ғазза дар соли 2023 ба меъёрҳои эътимод, бетарафӣ ва объективӣ риоя мекунанд? Фарқи байни RT ва CNN дар ахлоқи касбӣ ҳангоми инъикоси муноқишаи Ғазза чӣ гуна аст? Идеологияҳо ва тамоюлҳои сиёсӣ чӣ гуна ба риояи ахлоқ ҳангоми инъикоси васоити байналмилалӣ дар бораи муноқишаи Ғазза таъсир расониданд?  Муаллиф зимни тадқиқи масъала ба хулосае омадааст, ки RT ба инъикоси объективӣ ва мутавозини муноқишаи Ғазза риоя намуда, ба масъалаҳои башардӯстона, аз қабили расонидани ранҷу азоби қурбониёни ғайринизомӣ дар Ғазза мутобиқи стандартҳои масъулияти иҷтимоӣ дар инъикоси ахбор дар бораи муноқишаҳои мусаллаҳона рафтор намуд. Дар ҳоле ки матолиби CNN дар бораи низоъ бетараф набуда ва бо чаҳорчӯбаи муноқиша аз дидгоњи ғаразноки сиёсӣ ва идеологӣ алайҳи фаластиниҳо равона шудаанд. Матбуоти ғарбӣ ҳангоми тавсифи қурбониёни низоъ аз дискурси расонаҳои нажодпараст ва субъективӣ истифода карданд.

 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

стандартҳои ахлоқии ВАО, этикаи гузориши хабар, расонаҳои байналмилалӣ, канали RT, шабакаи CNN, низоъҳои мусаллаҳона, низоъ дар Ғазза