Тозанашр
ИСТИФОДАИ БОЗИИ ДИДАКТИКӢ ДАР СИНФИ ИБТИДОИ ҲАМЧУН РОҲИ АМАЛИКУНИИ САЛОҲИЯТИ МУНОСИБ ДАР ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Элмуродова Садбарг Худойназаровна, н.и.п., дотсенти кафедраи иҷтимоӣ ва педагогикаи касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба яке аз масъалаҳои мубрами таълими муосир - истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар раванди таълим бахшида шудааст. Муаллифи мақола бештар ба хусусиятхои синну соли хонандагони хурди мактабӣ диққати махсус додааст. Дар мақола таъкид шудааст, ки таълим дар мактабҳо бояд доираи татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ сурат гирад. Ҳамчунин, дар мақола, мафҳумҳои илмӣ ва хусусиятҳои бозиҳои дидактикии асарҳои олимон ва равоншиносони намоёни ҷаҳон Д.Б.Эльконин, Л.С.Выготский таҳлил карда шудааст. Муаллиф дар мақола моҳият ва аҳамияти истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар синфҳои ибтидоиро тадқиқ намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
мактаббачагони хурдсол, бозии дидактикӣ, фаъолияти бозӣ, тафаккури мантиқӣ, равандҳои маърифатӣ, равандҳои психикӣ, фаъолияти таълимӣ, муносибатҳои салоҳиятнокӣ.