Тозанашр
САЛОҲИЯТИ ЛИНГВО- МЕТОДӢ ҲАМЧУН САЛОҲИЯТИ АСОСӢ ДАР СОХТОРИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
МУАЛЛИФ: Тиллохоҷаева Муҳаббат Набиҷоновна, н.и.ф.,дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар маќола салоҳияти лингво-методии омӯзгори забони тоҷикӣ ҳамчун салоҳияти асосӣ дар сохтори салоҳияти касбии омӯзгор баррасї шудааст. Қайд шудааст, ки вижагиҳои салоҳияти касбии омӯзгори забони модариро салоҳияти лингво-методӣ ташкил менамояд, ки он қобилияти таълими забон буда, дар раванди таълим вазифаи мета-предметиро иҷро мекунад ва дар асоси системаи дониш дар бораи забон ва методологияи таълими он тавассути призмаи категорияҳои аксиологии фаъолияти педагогӣ ва огоҳии забон ҳамчун падидаи миллӣ ва фарҳангӣ баромад менамояд. Принсипҳои раванди таълимӣ ва маърифатии ташаккули салоҳияти лингво-методии омӯзгори ояндаи забон нишон дода мешавад.Муаллифи маќола бар он ақида аст, ки муҳити таълими касбиро бояд чунон ташкил кард, ки барои шаклгирии салоҳияти лингво- методии донишҷӯ-муаллими ояндаи забон ва адабиёти тоҷик шароит фароҳам орад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
забони тоҷикӣ, салоҳият, лингво-метод, методика, мафҳум, арзёбӣ, фаъолияти маърифатӣ