Тозанашр
ИНКИШОФИ БАДЕИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
МУАЛЛИФ:Осимова Парвина Абдулатифовна, муаллими кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳои МТД “ ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола инкишофи бадеияти хонандагони синфҳои ибтидоиро баррасӣ мекунад. Қайд карда мешавад, ки мавҷудияти иқтидори пайдоиши муносибати эстетикӣ дар субъект шароити зарурии барои эҷод кардан аст. Аз ин рӯ, инкишофи шуури бадеӣ дар алоҳидагӣ аз эстетикӣ нораво мебошад, вагарна он ҳам барои ташаккули мавқеи бинанда ва ҳам барои ташаккули эҷодиёти бадеии шахсии инсон оқибатҳои манфӣ мерасонад. Таззакур меравад, ки сарфи назар аз таърифҳои гуногун, инкишофи бадеияти кӯдак ин тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ мебошад, ки мувофиқи синну сол ва зери таъсири шароити мақсадноки ташкилию педагогӣ барои амалисозии таълим ба вуҷуд меоянд ва дар азхудкунӣ ва ба низом даровардани таҷрибаи бадеӣ дар шакли ғояҳо ва мафҳумҳои бадеӣ, ташаккули мавқеи (дудилагӣ) муаллиф дар фаъолияти бадеӣ ва эҷодии шахсии худ, ки ба намуди мушаххаси санъат алоқаманд аст. Муаллиф ба хулосе меояд, ки дар вақти бо санъати тасвирӣ шинос кардани хонандагон ба муқоисаи асарҳои бадеӣ, тавсифи асарҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, инчунин ба таври эҷодӣ пурмазмун, ҷустуҷӯи воситаҳои ифодаи бадеӣ ҳангоми эҷод намудани расмҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ диққати махсус додан лозим аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муаммо, инкишоф, муносибати бадеӣ ва эстетикӣ, шуур, субъект, объект, санъати тасвирӣ, забони санъат, қобилият