Тозанашр
ВАЗЪИ КАСБИНТИХОБКУНИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ШАРОИТИ ИТТИЛООТОНИИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ:Акилова Маҳбуба Рауповна, муаллими кафедраи назарияи физикаи факултети физикаю техникаи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар ин мақола раванди касбинтихобкунии ҷавонон дар шароити иттилоотонии ҷомеа баррасӣ шудааст. Дар шароити пуртазоди замони муосир, ки бо тағйироти босуръат дар бозори меҳнат ва афзоиши назарраси талабот ба малакаҳои касбї вобаста аст, зарурати баланд бардоштани эътимоднокӣ ва самаранокии усулҳои интихоби касб аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад. Муаллиф методологияҳои муосиреро таҳлил мекунад, ки ба ошкор намудан ва инкишофи майлу рағбатҳои касбии хонандагон равона шудаанд ва аҳамияти истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои дастгирии ин раванд таъкид мекунад. Ба масъалаи мушкилоте, ки хатмкунандагон дар ҳолати интихоби касб рў ба рў мешаванд, таваљљуњи махсус дода мешавад, дар шароити муҳити босуръат таѓйирёбанда интихоби нодурусти касб метавонад ба нофањмї дар касб ва буҳрони шахсї оварда расонад. Дар маќола зарурати тањќиќоти минбаъда, ки ба тањияи усулњои бештар мутобиќшаванда ва устувори равонасозии касбї, ки ба интихоби огоњона ва асосноки касб дар байни љавонон мусоидат менамояд, таъкид карда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
мактаб, хонандагон, касб, љараёни инкишоф, роҳнамоӣ, иттилоотонӣ, компютеронӣ, маориф, таълим.