МУОШИРАТ ҲАМЧУН НАМУДИ МАХСУСИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР СИННИ НАВРАСӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Исмоилов Ш.Г..pdf)Исмоилов Ш.Г.МУОШИРАТ ҲАМЧУН НАМУДИ МАХСУСИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР СИННИ НАВРАСӢ3

 


МУАЛЛИФ:Исмоилов Шокирҷон Ғуломович, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

 

Мақола ба яке аз масъалаҳои муҳим, яъне муошират ва муносибатҳои байнишахсӣ дар синни наврасӣ бахшида шудааст. Муаллиф нақши пешбаранда доштани муоширатро дар раванди муносибатҳои байнишахсӣ баррасӣ намуда, асоси эмотсионалии онро аломати ба худ хоси муҳимтарин шуморидааст. Системаи муносибатҳо бо муҳити иҷтимоӣ самти инкишофи психикии инкишофи наврасро муайян мекунад. Бузург будани нақши муошират дар ташаккулёбии шахсият махсусан қайд гардидааст. Муоширати байнишахсӣ шарти зарурӣ будани мавҷудияти одамон, омили муҳимми ташаккулёбии функсияҳои психикӣ ва умуман шахс арзёбӣ мегардад. Ба гуманизм майл доштани наврасон мазмуни муоширатро бо ҳамсолон муайян мекунад. Наврас вазифаҳои худмуайянкунии шахсиро дарк намуда, барои ишғоли мавқеи худ дар муносибат бо арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ фаъолӣ зоҳир мекунад. Арзишманд он аст, ки навраси муосир дурнамои манфиатбахш будани худро барои дигарон ва манфиатбахш будани ҷомеаро барои ғанӣ гардонидани фардияти худ мефаҳмад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

муошират, муносибатҳои байнишахсӣ, наврасӣ, фаъолият, умумияти одамон, гуманизм, арзишнокӣ, муҳити иҷтимоӣ.