УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ - САРЧАШМАИ АСОСИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бободжонова Н.К..pdf)Бободжонова Н.К.УСУЛҲОИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ - САРЧАШМАИ АСОСИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТӢ3

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова Нигина Қурбоновна,  муаллими кафедраи  системаҳои  бисёршабакавии  телекоммуникатсионии МДТ  “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

     Мақола роҷеъ ба муаммоҳои мубрами имрӯзаи такмили назария ва амалияи интихоби усулҳои таълим, фаъолсозии хонандагон ва ташвиқи онҳо ба тафаккури фаъол ва фаъолияти амалӣ бахшида шудааст. Муаллиф диққати асосиро ба истифодаи усулҳои фаъоли муштараки омӯзгор ва хонандагон, ки ба ҳалли масъалаҳои таълим, яъне вазифаҳои дидактикӣ нигаронида шудаанд, равона менамояд. Дар мақола асоси якҷоя мавриди истифода қарор додани методҳои назариявӣ ва амалии педагогӣ ба анҷом расонида шудааст. Мақолаи мазкур дорои характери байнифаннӣ мебошад, зеро муаммои тадқиқшаванда ва тарзи ҳалли он дар пайвастагии илмҳои педагогика, равоншиносӣ ва иҷтимоиёт ба анҷом расонида шудааст. Мақола масъалаи аз техника ва усулҳои нави гузаронидани дарс бештар истифода намудани омӯзгорон дар мактабҳои муосирро шарҳ медиҳад. Аз ҷониби муаллиф мафҳумҳои усулҳои фароҳам овардани фазои мусоид, ташкили муошират, усулҳои мубодилаи фаъолият, усулҳои фаъолияти фикрӣ, усулҳои интегративӣ (бозиҳои интерактивӣ) муайян карда шуданд. Диққати бештар нисбати омӯзиши интерактивӣ дар муассисаи таълимӣ ба ҷалби хонандагон ба раванди таълим мусоидат намудан, тавассути мубодилаи дониш, афкор ва усулҳои фаъолият дарк ва андешаи хонандагон дар бораи он чизеро, ки медонанд ва фикр мекунанд, дода шудааст. Дар хотимаи мақола аз методу намудҳои маводи дидактикӣ истифода намудан, фаъолияти маърифатии хонандагонро ташаккули додан, мақоми ҳалкунанда бозидани хислатҳои рафтор дар ҷомеа тавассути азхудкунии таҷрибаи иҷтимоӣ шарҳ дода шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

таълими интерактивӣ, фаъолияти маърифатӣ, усулҳои интерактивӣ, фаъолияти омӯзгор, фаъолияти хонандагон, муносибатҳои байни омӯзгорон ва хонандагон, воситаҳои аёнӣ, раванди таълим