Тозанашр
ОМОДАГИИ КАСБӢ-ПЕДАГОГИИ ОМӮЗГОРИ ҶАВОНИ МАКТАБИ ОЛӢ БА КОРҲОИ ИЛМӢ
МУАЛЛИФ: Ҳомидова Ферузахон Латиповна, н.и.п., сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони русии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба масъалаи пурзӯр намудани фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ бахшида шудааст, ки пайваста талаботи нави илмию методиро ба миён мегузорад ва ин пайваста такмил додани салоҳияти касбии омӯзгорони донишгоҳро дар назар дорад, ки он рӯз то рӯз бештар мегардад. Аз ин бармеояд, ки омодагии онҳо ба кори таълиму тарбия ва илмӣ ҳам таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба ва ҳам мустақилона ташаккул ва ташкил карда шавад. Омодагии омӯзгорони ҷавони донишгоҳ ба корҳои илмӣ маънои омодагии онҳо барои банақшагирӣ, ташкил, гузаронидан, назорат ва баҳодиҳии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ҳам таҳти назорати роҳбари илмӣ ва ҳам мустақилона, инчунин омода будани онҳо ба роҳбарии КИТД ва КТТД мебошад. Дараҷаи баланди ташкили муҳити таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ имкон медиҳад, ки аз байни омӯзгорони ҷавон бо роҳбарии олимони пуртаҷрибаи донишгоҳ на танҳо боистеъдодтаринҳо дарёб карда шаванд, балки аз ҷиҳати педагогӣ низ ба мақсад мувофиқ, бошуурона ва фаъолона ба воя расанд. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, заминаи моддию техникии донишгоҳ, мавҷудияти лабораторияҳои илмии замонавӣ, устохонаҳо, паркҳои технологӣ, синфхонаҳо барои ҳар як ихтисос, ки бо таҷҳизоти навтарин ва технологияи инноватсионӣ муҷаҳҳаз шудаанд, инчунин алоқаи бевосита бо истеҳсолоти ҳозиразамон, алоқа бо тиҷорат, ҳамкории илмию таълимӣ бо марказҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии илму маориф, иштироки доимии олимони донишкада дар конференсияҳо ва симпозиумҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нақши асосиро мебозад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, фаъолияти таълимӣ-тадқиқотӣ, салоҳияти илмӣ, таваҷҷуҳи илмӣ, таҳлили методӣ ва илмӣ, муқоиса, ҷамъбасткунӣ, асосноккунӣ.