Тозанашр
ҚОБИЛИЯТ ҲАМЧУН ДАРАҶАИ БАЛАНДИ ИСТИФОДАБАРИИ ДОНИШ, МАҲОРАТ ВА МАЛАКАҲОИ ПЕДАГОГӢ
МУАЛЛИФ: Раҳмонова Дилбар Зикриёевна, н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ѓафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар замони таҳаввулоти илмиву техникӣ талабот ба шахсони навовару эҷодкор рӯз то рӯз меафзояд. Аз шахсияти имрӯза дар ҳамаи соҳаҳо навовариву эҷодкорӣ талаб карда мешавад. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии мактабњои тањсилоти умумӣ– баланд бардоштани сатњи маърифатии толибилмон, ташаккули фаолияти фикрӣ ва эљодии онњо мебошад. То имрӯз дар бораи қобилиятҳо сухан ронда, мо танҳо ин намуди қобилиятҳоро дар назар медоштем. Аммо натиҷаи тадқиқотҳои иҷтимоӣ-психологӣ нишон медиҳад, ки муҳити муоширати одамон инкишофи дигар намудҳои қобилиятро талаб менамояд. Мисол: дар муқоиса бо қобилиятҳои амалӣ - предметӣ ҳақиқат он аст, ки шахсе ки бо предметҳои беҷон эҷодкорона фаъолият мебарад, бо мардум бо ҳамин гуна маҳорат муоширатро ба роҳ монда наметавонад ва баръакс. Таҳқиқоти равоншиносони ватанӣ ва хориҷӣ аз марҳилаҳои хеле аввали зуҳури қобилиятҳои маърифатӣ дар кӯдакон шаҳодат медиҳанд. Аввалин зуҳуроти қобилиятҳоро аллакай дар синни барвақт мушоҳида кардан мумкин аст – майли кӯдак ба ягон намуди фаъолият. Дар инкишофи қобилиятҳо якчанд марҳиларо ҷудо кардан мумкин аст. Дар мақолаи мазкур марҳилаҳои инкишофи қобилиятҳо шарҳ дода шуда, нақши қобилият дар истифодабарии дониш, маҳорат ва малакаҳои педагогӣ муайян карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
қобилият, дониш, маҳорат, малака, аломатҳои қобилият, истеъдод, нобиға, эҷодиёт.