ЗАМИНАИ НАЗАРИЯВИИ КОРКАРДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕДАГОГИИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоева М.А., Азимова С.Р..pdf)Абдуллоева М.А., Азимова С.Р.ЗАМИНАИ НАЗАРИЯВИИ КОРКАРДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕДАГОГИИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ3

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна, д.и.п.,профессори кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ; Азимова Саноат Рахматовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии МДТ "ДДХ  ба номи акад. Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Бо мақсади иҷро намудани талаботи сиёсати давлат оид ба забономӯзӣ, инчунин, қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, омӯзгорони факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз рӯи лоиҳаи буҷавӣ кор бурда истодаанд. Лоиҳа бо мақсади таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи муосири таълими забони англисӣ дар муассисаҳои томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 тасдиқ шудааст.Тибқи нақша марҳилаи ибтидоии кор аз рӯи лоиҳаи мазкур тарҳрезии технологияи педагогии таълими забони англисӣ барои базаи тадқиқотӣ мебошад. Мувофиқи ақидаи масъулини лоиҳа технология бояд дар асоси шартҳои назариявии офариниши он таҳия карда шавад, ки аз рӯи фарзия бояд ба беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ кумак расонад. Аз ин рӯ, барои таҳияи технологияи самараноки педагогии таълими забони англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ лозим омад, ки заминаҳои назариявии рушди он омӯхта шаванд. Дар мақолаи мазкур муаллифони он, ки худ  масъулини лоиҳа мебошанд, тадқиқоти сершумори илмиро омӯхта, ба хулосае меоянд, ки самаранокии таълими забони хориҷӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз технологияе вобаста мебошад, ки дар асоси таҳлили тамоюлҳои муосири таълим дар соҳаи маориф, дарназрдошти хусусияти омӯзиши  барвақтии кӯдак, хусусиятҳои равонии кўдакони синни томактабӣ, ҷустуҷўи усулҳои самараноки таълим ва технологияҳои муосири инноватсионии таълими кўдакони синни томактабӣ таҳия мегардад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Таълими забони англисӣ, кӯдакистон, лоиҳаи буҷавӣ, технологияи таълим, синни томактабӣ, психология, хусусиятҳо