ДОИР БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБӢ-ОМӮЗГОРИИ ОМӮЗГОРОНИ МАКТАБИ ОЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сабури Х.М., Пулатова И.М..pdf)Сабури Х.М., Пулатова И.М.ДОИР БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБӢ-ОМӮЗГОРИИ ОМӮЗГОРОНИ МАКТАБИ ОЛӢ2

 


МУАЛЛИФ: Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, д.и.п.,профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ; Пӯлотов Исмоил Мамадович, н.и.п.,дотсенти кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ѓафуров” (Тоҷикистон,Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Сифати таълим алалхусус ва сифати таҳсилот умуман дар мактаби олӣ ба дараҷаи муайян аз салоҳияти касбӣ-омӯзгории омӯзгори мактаби олӣ вобаста аст. Ба ташаккули салоҳияти омӯзгори мактаби олӣ омилҳои объективӣ ва субъективӣ таъсир мерасонанд. Дар мақолаи мазкур муҳити таълимӣ-тарбиявӣ ва муҳити илмӣ ба ҳайси омилҳои объективӣ ва ба ҳайси омилҳои субъективӣ қобилияти педагогӣ чун осори муайяне, ки дар раванди тарбия ва таълим инкишоф ёфта, мувофиқатан ташаккул меёбанд, шавқу рағбат ва талаботҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва илмии субъекти раванди педагогӣ мавриди назар мегарданд.Дар кори мазкур ҳамчунин ташкили мактаби устоду шогирд, дар мисоли нақш ва мақоми мактаби устоду шогирд дар ташкили мактаби русии химиявӣ, ки яке аз тарбиягирандагони мактаби мазкур олими барҷастаи соҳаи химия Д.И.Менделеев буд, шарҳ дода шудааст. Ба тавсифномаи сатҳи баланди салоҳияти касбӣ-омӯзгорӣ ҳамчун ба яке аз нишондиҳандаҳои асосии таҷрибаи пешқадами педагогӣ эътибори махсус дода шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

салоҳияти касбӣ-омӯзгорӣ, омилҳои объективӣ, омилҳои субъективӣ, муҳити таълимӣ-тарбиявӣ, муҳити илмӣ, сифати таҳсилот, сифати таълим, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, таҷрибаи педагогии анъанавӣ, таҷрибаи қафомондаи педагогӣ, назарияи томи педагогӣ, амалияи раванди таълиму тарбия.