Тозанашр
2024 – СОЛИ ТАЪРИХӢ ДАР ҶОДАИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ
МУАЛЛИФ: Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб, д.и.т., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2003-2024); Шарифзода Фирдавс Абдуфаттох, н.и.т. Котиби якуми раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Тоҷикистон,Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии батафсили масъалаҳои умдаи роҳандозӣ ва рушди равобити гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Италия дар зарфи 32 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ бахшида шудааст. Муаллифон хислат ва мазмуну муҳтавои муносибатҳои нек ва рӯйдоду чорабиниҳои муҳим дар ҷодаи шарикии муътамади ду кишвар, бавежа дар партави сиёсати хориҷии пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба Италия ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Рим, раванди ташаккули заминаи ҳуқуқии робитаҳои Тоҷикистону Италия, музокироти ҳайатҳои сиёсӣ ва ҳамгироӣ дар қолаби “Италия ва Осиёи Марказӣ”, самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро таҳлилу тадқиқ кардаанд. Дар мақола хулосаҳо доир ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳо ва тавсияву пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати такмили сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои ду кишвар дода шудаанд. Зимни таълифи мақола аз китобҳову рӯзномаҳо дар бобати фаъолияти дипломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар силсилаи “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон”, инчунин дигар матолиби расмии электронии дохилию хориҷӣ ва маводи иттилоотию оморӣ истифода карда шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Тоҷикистон, Италия, муносибатҳои байнидавлатӣ, сиёсати хориҷӣ, таърих, Пешвои миллат, сафари расмӣ, машваратҳои сиёсӣ, равобити иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, санадҳои ҳамкорӣ, қолаби ҳамкориҳои “С5+1” .