Тозанашр
ИНЪИКОСИ ДОНИШҲОИ МАТЕМАТИКӢ ДАР ОСОРИ ИЛМИИ МУҲАММАД ИБНИ МУСОИ ХОРАЗМӢ
МУАЛЛИФ: Мирзоахмедова Маҳфуза Мавлоновна, муаллимаи калони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар чоряки аввали асри IX Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ бо забони арабӣ китоби «Китоб мухтасар мин ҳисоб алҷабр ва-л-муқобала»-ро таълиф намуд. Дар ин китоб ҳалли муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ тариқи навиштаҷот (табиист, ки бидуни формулаҳои математикӣ) баррасӣ шудаанд. Он аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат аст. Дар қисми аввал назарияи баробариҳои хаттӣ ва квадратӣ, инчунин баъзе масъалаҳои геометрӣ ҳаллу фасл шуда, дар қисми дуюм усулҳои алгебравӣ бо мақсади истифода дар амалия баррасӣ гардидаанд. Дар асрҳои миёна математикҳои исломӣ китоби ал-Хоразмиро ба таври васеъ тавзеҳу шарҳ додаанд. Пас аз Муҳаммади Хоразмӣ дар пайравӣ ба ӯ зиёда аз сӣ муаллиф китоби алгебра ва муқобала оид ба масъалаи тақсими мерос (тахминан 70 олими ин соҳа) таълиф намудаанд. Масъалаи муайян кардани тақсими мерос дар сураи “Нисо”-и Қуръон оварда шудааст, яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замон буд. Барои тафсири ин оятҳо, яъне оятҳои 11, 12, 176 сураи “Нисо” илми математика зарур буд. Дар мақолаи мазкур ҳамин ҷиҳати масъала дар асоси таълифоти яке аз бузургтарин математикони асримиёнагии форс-тоҷик Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусои Хоразмии Маҷусӣ (783-850) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Муҳаммади Хоразмӣ, математика, тақсими мерос, васият, ҳисса, қисм, китоб, масъала