МУБОРИЗАИ КОМСОМОЛИ ВИЛОЯТИ КЎЛОБИ ҶШС ТОҶИКИСТОН БАҲРИ ИҶРОИ НАҚШАИ ПАНҶСОЛАИ НУҲУМ (СОЛҲОИ 1971-1975)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Гафуров А.М., Ахмедова С.П..pdf)Гафуров А.М., Ахмедова С.П.МУБОРИЗАИ КОМСОМОЛИ ВИЛОЯТИ КЎЛОБИ ҶШС ТОҶИКИСТОН БАҲРИ ИҶРОИ НАҚШАИ ПАНҶСОЛАИ НУҲУМ (СОЛҲОИ 1971-1975)'4

 


МУАЛЛИФ: Ғафуров Абдулло Мутиллоевич, н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ;  Ахмедова Сайёра Партововна,  ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тоҷикистон(Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:русӣ

ЧАКИДА

Панҷсолаи нуҳум ба инкишофи минбаъдаи инқилоби илмӣ - техникӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамзамон панҷсолаи макур давраи гул-гулшукуфии эҷодиёти илмӣ - техникии ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҷавонон баҳри аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз гардондани саноат ва хоҷагии ќишлоќ, барои коркард ва васеъ ҷорӣ намудани механиконии равандҳои истеҳсолот талош мекарданд. Мусобиќаи умумихалќӣ барои оқилона истифода бурдани ашёи хом ва масолеҳ, сарфаю сариштакорӣ, навоварӣ ва ихтироъкорӣ шиори асосии ҷавонон гардида буд. Комсомолҳо ва ҷавонони вилояти Кўлоб таҳти шиорҳои «Панҷсолаи меҳнати зарбдор, маҳорат ва ҷустуҷўи ҷавонони лаёќатманд», «Наќшаи панҷсола дар 4 сол», «Имрўз ҳудуди навовар, фардо - нормаи ҳар кас». Љавонписарон ва духтарон бо руҳбаландии бузург, болоравии сиёсїӣва меҳнатӣ ба марраи панҷсола наздик мешуданд. Мусобиќа тањти шиори «Наќшаи панҷсоларо бо ѓалаба ба анҷом мерасонем» вусъати тоза пайдо кард. Барои мењнати суботкорона ва фидокорона, барои сањми ҷумҳурӣ дар мустањкам намудани ҳамкории миллату халќњо, барои мустаҳкам намудан ва инкишоф додани Давлати Шуравї ва умуман сохтмони коммунистї љумњурї бо Ордени Дӯстии халќҳо мукофотонида шуда буд. Дар раванди ба даст омадани ин мукофот саҳми комсомолҳои вилояти Кӯлоб низ ниҳоят бузург буд, он ҷавононро ба корномаҳои нави меҳнатӣ руҳбаланд намуд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

сотсиализм, коммунист, комсомол, ҳизб, хоҷагии қишлоқ, колхоз, съезд, коллективонидан, ташаббус, ҷавонон, маърака, шиор, чорабинӣ, ташкилотчӣ, барҳам додан