Тозанашр
ВАЗЪИ ТИББ ДАР ОСИЁИ МИЁНА ҚАБЛ АЗ ЗАБТИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ДАР АСРИ XIX
МУАЛЛИФ: Нурзода Амирҷон Рузихон н.и.т.,директори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом (Тоҷикистон, Конибодом)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(79). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА:русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола вазъи тибби Осиёи Марказӣ дар асри XIX, дар давраҳои душвор барои минтақа баррасӣ шудааст. Таъкид мегардад, ки иқтисод ва фарҳанги минтаќа дар њолати нигаронкунанда қарор дошт, ки сабаби он бесуботии сиёсӣ буд. Зикр мешавад, ки ин вазъ ба ҷангҳои байниҳамдигарӣ иртибот дошта, мардумро ба фақр овард ва дар натиҷа дастрасӣ ба доруҳои босифат маҳдуд шуд. Илова бар ин, мардум аз тибби халқӣ ва ҷодугариву хидмати ба истилоҳ фолбинҳо истифода мекарданд, ки ин падида аз бесаводии мардуми маҳаллӣ шаҳодат медиҳад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки сатҳи пасти зиндагиву фарҳанг, таҳаввулоти сиёсӣ ва дастрасӣ ба доруҳои босифат боиси афзоиши зиёди бемориҳо ва талафоти одамон гардид.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Осиёи Миёна, Аморати Бухоро, тибби халқӣ бемориҳои тропикӣ.