Тозанашр
ТАҲҚИҚИ РАВАНДИ ГУЗАРИШИ РАСОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРРАСОНӢ БА АУДИТОРИЯ ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
МУАЛЛИФ: Тӯхтаева Маҳноза Маъруфовна, докторанти (PhD)-и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Шабакаҳои иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир шудааст ва истифодаи самараноки SMM (Social Media Marketing) метавонад огоҳии брендро ба таври назаррас афзоиш диҳад, аудиторияи навро ҷалб кунад, фарогирии иттилоотро зиёд намояд ва фурӯшро афзоиш диҳад. Дар ин мақола муҳиммияти гузариш ба шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути кушодани саҳифаҳои расмии расонаҳо маълумот дода шуда, раванди пайвастани расонаҳои Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифт. Барои 27 расонаи интихобшуда марҳилаи кушодани саҳифаҳо дар шабкаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм баррасӣ гардида, майлонҳои он ошкор шудааст. Нишон дода шуд, ки пандемияи Covid-19 ба ин раванд мусоидат карда, барои ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй овардани расонаҳо такон додааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Интернет, ВАО, Тоҷикистон, Фейсбук, Инстаграм, пост, стратегия, муҳтаво, расона, шабакаҳои иҷтимоӣ