Тозанашр
УСТУРАИ ҶОМИ ҶАМ ДАР НАЗМИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
МУАЛЛИФ: Қурбонзода Моҳрӯ Қурбон, докторанти (PhD) кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳқиқи корбурди устураи Ҷоми Ҷам дар назми замони истиқлол бахшида шудааст. Муаллиф дар заминаи омӯзиши сарчашмаҳои гуногун хусусияти Ҷоми Ҷам ва умумияту тафовути онро бо ҷомҳои дигар муайян кардааст. Зикр карда шудааст, ки дар адабиёти форсу тоҷик устураи Ҷамшед ҷиҳати истифодаи фаровон нисбат ба устураҳои дигар мавқеи муҳим дошта, муҷиби пайдоиши устураҳои ҷадид, бахусус, устураи Ҷоми Ҷам гардидааст. Ҷоми Ҷам дар эҷодиёти шоирони маъруфи адабиёти классикӣ таҷассумгари маъноҳои ҷоми шароб, ҷоми ҷаҳонбин ва дили инсони комил буда, дар назми давраи истиқлол низ ба ҳамин маънӣ низ истифода шудааст. Шоирони давраи истиқлол Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Салимшо Ҳалимшо, Фарзона, Раҳмат Назрӣ ва дигарон орзу ва талаби доштани Ҷоми Ҷамро намуда, аз он бештар барои ифодаи масъалањои иҷтимоӣ, таърихї, худшиносии миллї, вањдату ягонагӣ баҳраманд гардидаанд. Муҳаққиқ ба хулосае омадааст, ки Ҷоми Ҷам ҳам дар шеъри суннатӣ ва ҳам дар шеъри нав фаровон корбаст гардида, дар тасвири шоирон муаррифгари ҳақиқати таърихиест, ки инсон тавассути он асли худ ва ҳақиқати ҳаётро пайдо менамояд, ба илм комёб мегардад. Ҳамчунин доштани Ҷом далели бузургӣ ва шукуҳу шаҳомат буда, дар баробари ин ифодагари бебақоиву нопойдорӣ низ ҳаст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
устура, Ҷоми Ҷам, Ҷамшед, шеър, шоир, ҷоми ҷаҳоннамо, Оинаи Искандар, Ҷоми Кайхусрав, иҷтимоӣ, худшиносӣ