Тозанашр
ТАРАННУМИ ВАТАН ВА МУЌАДДАСОТИ ОН ДАР АШЪОРИ НИЗОМ ЌОСИМ
МУАЛЛИФ: Маҳкамов Дороҷон Суҳробҷонович, докторант (PhD)-и кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода(Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мавзуи асосии маќола инъикоси тараннуми Ватан ва муќаддасоти он дар ашъори шоири маъруф Низом Ќосим мебошад, ки бо саъю кўшиши хеш њамчун яке аз саромадони шоирони ватансаро дар даврони Истиќлоли кишвар шинохта шудааст. Қайд мешавад, ки шоир пастию баландии бунёди давлати мустаќили Тољикистонро бо чашми хеш дидаву дарду алами мушкилоти онро дар тану рўњаш эњсос бинмуда. Бинобар ин, лањзае бе андешаи Ватан буда натавонистаю тараннуми Ватан маѓзи ашъори ўро ташкил додааст. Собит мешавад, ки мавќеи Ватан ва тарѓиби ватандўстї дар эљодиёти шоир дар маќолаи фавќ ба панљ ќисмат: тараннуми Ватан ва ватандўстї; Истиќлоли давлатї; Вањдати миллї; Парчами давлатї; Забони давлатї таќсим гардида, мавриди омўзиш ќарор гирифтааст. Дар маќолаи мазкур омада, ки дар тамоми навъу жанрњои ашъори сароидаи Низом Ќосим мањаки асосї ситоиши Ватан мебошад. Дар ин бобат шеърњои Низом Ќосим боиси омўзиши муњаќќиќон ва пайравии эљодкорони љавон шуда метавонад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Ватан, Пешвои миллат, вањдати миллї, Истиќлолияти давлатї, Парчами давлатї, забони миллї, устоди ашъори ватандўстї