Тозанашр
ТАЪСИРИ "ХУСРАВ ВА ШИРИН"-И НИЗОМӢ БАР "ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН" –И ХОҶУИ КИРМОНӢ
МУАЛЛИФ: Ашўрова Маърифат Муњаммадљоновна, унвонљўи кафедраи адабиёти классикии тољики МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров” (Тољикистон, Хуљанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таъсири “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ ба “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Хоҷуи Кирмонӣ бахшида мешавад. Қайд мегардад, ки Хоҷуи Кирмонӣ дар офариниши достони “Ҳумой ва Ҳумоюн” аз “Хусрав ва Ширин”-и Низомї бештар баҳрабардорӣ намуда, худро аз пайравони мактаби эҷодии суханвари Ганҷа медонад. Аммо дар баробари ин Хоҷуи Кирмонӣ дар муњтаво, сохтор ва ҳам номи ќањрамонону сужети достони “Њумой ва Њумоюн” кўшиш намудааст, ки навовариҳои қобили таваҷҷӯҳ ворид намояд. Муаллиф собит менамояд, ки навоварии Хоҷу бештар дар мавзӯву сужаи нав сарчашмаи достон, вазн ва тасвирҳои шоирона зоҳир мешавад. То замони Хољу шоироне, ки дар пайравии Низомї достонњои ишќии “Лайлї ва Маљнун” ва ё “Хусрав ва Ширин”суруданд танњо љузъиёти андаке ба достонҳои худ ворид мекарданду бештар ба тасвирҳои шоирона саргарм мешуданд. Аммо Хољу достонии ишќии худро, агарчи тањти таъсири маснавињои ошиќонаи Низомї суруда, аз як ќиссаи куњане, ки дар эљодиёти халќї байни ќавмњои эронї ба суратњои мухталиф ривоят мешуд, ба риштаи назм кашидааст. Аз ин хотир сужаи достон нав буда, навъе аз суннатшиканиҳои муаллифи он аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Низомӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, таъсир, “Хусрав ва Ширин” “Ҳумой ва Ҳумоюн”, навоварӣ, достон, пайравӣ