Тозанашр
СОЗМОНҲОИ САВТИИ ШЕЪР ДАР ТАРҶУМАҲОИ РУСИИ “ШОҲНОМА”- И ФИРДАВСӢ
МУАЛЛИФ: Шарипов Восид Абдухолиқович, н.и.п., дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола дар мисоли таҳлили пораҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсц ба забони асл ва тарҷумаи русии он масъалаи нақши хатти овозӣ дар матни достон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки ин мисоли таьлили муқоисавӣ нест, ки як порча аз асл ва худи ҳамон порча аз тарҷума гирифта мешавад. Муаллиф ташкили бомуваффақияти овозии порчаҳои алоҳидаро аз нусхаи аслӣ ва тарҷума ба таҳлили фонетикӣ кашида, қайд мекунад, ки ин, аз як тараф, натиҷаи маҳорати худи А.Фирдавсӣ ва С.Б.Бону-Лоҳутӣ бошад, аз ҷониби дигар, эвфония қисми таркибии тамоми мазмуни образию маъноӣ ва шакли асар аст. Такрори оддии садоноку ҳамсадоҳо, комбинатсияи мураккаби ассонанс ва аллитератсия ҳам ба асл ва ҳам ба тарҷума ғановати оҳангӣ мебахшад. Бо вуҷуди он ки дар мақола порчаҳои мухталифи асл ва тарҷумаи русии «Шоҳнома» таьлил шудааст, онҳо умумияти зиёд доранд: муаллифи асл ва мутарҷим аз имкониятҳои фонетикии забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва русӣ ба таври васеъ истифода кардаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
эвфония, ташкили овозии байт, тарҷума, мутарҷим, «Шоҳнома», А.Фирдавсӣ, Ц.Б.Бону-Лоҳутӣ, мусиқии шеър, вазни шеър, қофия.