Тозанашр
ТИМСОЛИ ПАРАНДА (МУРҒ) ДАР ШЕЪРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
МУАЛЛИФ: Раҳматов Баҳром Аҳмадҷонович, н.и.ф., директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар маќола ба яке аз тимсолњои шеъри Камоли Хуљандї – тимсоли «мурѓ» (паранда) таваљљуњ гардида, мутаносибан маънои луѓавї, сайри такомули маънои рамзї ва хасоиси истифодаи он ба таври мушаххас бозгўйї шудааст. Муаллиф нахуст сабаби серкорбурд будани тимсоли мазкурро дар адабиёти форсї-тољикї дар истифода шудани он дар достонњои ќуръонї мебинад ва ба сураву оёти он ишороти даќиќ намуда, маъноњои рамзияшро аз кутуби ирфонї бозљўйї менамояд. Қайд мешавад, ки дар шеъри Камоли Хуљандї вожаи мазкур 77 бор истифода шуда, маъноњои гуногун, аз ќабили «љон», «сўфї», «шахси рањнамо», «нафси шоир» (худи шоир), «дил» ва амсоли инро ифода кардааст. Њамчунин, таъбирњои дигари марбут ба калимаи «мурѓ», чун мурѓи хонагї, мурѓи обї, мурѓу моњї ва симург низ дар маќола ба таври мухтасар маъникушої шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шеър, Камоли Хуҷандӣ, тимсол, мурғ, Симурғ, ирфон, киноя, ташбеҳ