Тозанашр
РЎЗГОР ВА ОСОРИ АМИР МУИЗЗӢ АЗ НАЗАРИ МУҲАҚҚИҚОНИ ТОҶИК
МУАЛЛИФ: Ҳайдаров Фахриддин Наботович, н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар маќолаи мазкур рўзгор ва осори Муиззї аз назари муњаќќиќони тољик мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Дар натиљаи баррасии масъалаи мавриди назар муаллиф иброз медорад, ки шуруъ ва ташаккулу тањаввули љустуљўњои муњаќќиќони тољик дар боби тањќиќи рўзгор ва осори Амир Муиззии Нишопурї бо нигоштањои устод Садриддин Айнї дар «Намунаи адабиёти тољик» оѓоз меёбад. Дар замони Шўравї аз љониби адабиётшиносони тољик ба омўзиши рўзгор ва ашъори шоирони дарборї, аз љумла Муиззї кам ањамият дода шуда буд. Бо ба даст овардани истиќлолият таваљљуњи муњаќќиќони тољик ба тањќиќи рўзгор ва ашъори шоирони дарборї, аз чумла Муиззи бештар гардид. Бо вуљуди корњои анљомёфта дар адабиётшиносии тољик рољеъ ба рўзгор ва осори Амир Муиззї то имрўз раванди њаёт ва мероси адабии то ба имрўз ба мо расидаи шоир айни замон ба таври пурра тањќиќ нашудааст. Гарчанде олимон ва муњаќќиќони тољик ба тадќиќи баъзе пањлўњои њаёт ва осори ин шоири забардасти ањди салљуќиён даст задаанд, лекин он то њол комилан мавриди мутолиа ва муњокимаи густурда ќарор нагирифтааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Муиззӣ, ќасида, муҳаќќиќони тоҷик, замони шўравӣ рўзгор, девони ашъор