ҶОЙГОҲИ ВОЖАИ “ДИЛ” ДАР КОРГОҲИ ЭҶОДИИ СОИБ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ӯрунова М.Р..pdf)Ӯрунова М.Р.ҶОЙГОҲИ ВОЖАИ “ДИЛ” ДАР КОРГОҲИ ЭҶОДИИ СОИБ26

 


МУАЛЛИФ: Ӯрунова Мавҷуда Рустамовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Соиби Табрезӣ дар ғазалиёташ бисёр вожаҳои меҳвариеро корбаст намудааст, ки дар ифодаи афкору андешаҳои гуногунтарҳи ӯ нақш бозидаанд. Дар мақола аз хусуси ҷойгоҳи вожаи “дил” дар коргоҳи эҷодии ин суханвари номӣ маълумот дода шудааст. Аз баррасиву таҳқиқи ғазалиёти суханвар муаллифи мақола ба чунин натиҷа расидааст, ки ѓазалиёти Соиби Табрезӣ саршор аз вожагони хос буда, хонандаи хешро аз имконоти беканори мазмунсозиву маъниофарии чунин калимот огоҳ мегардонад. Абёте, ки тавассути корбурди лафзи “дил” дар ғазалиёти суханвар ба ҷилва меоянд, басо пурбору боназокат буда, аз истеъдоди баланди ҳунарии соҳиби худ дарак медиҳанд. Ҳарчанд дар қисме чунин абёт маъниҳо мукарраран оварда мешаванд, вале ҳамоно тозагии баён равшан ба назар мерасанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

Соиби Табрезӣ, коргоҳи эҷодӣ, вожаҳои хос, дил, тасвири хаёл, мазмунсозиву маъниофарин, ҳунари суханварӣ