Тозанашр
МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ НАШРҲОИ “ТАЗКИРАТ-УЛ- ХАВОТИН”- И МАЛИКУЛКУТТОБИ ШЕРОЗӢ ВА ТАҲҚИҚИ ОН
МУАЛЛИФ: Абдуллозода Нушофарин Cафардухт, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (Тоҷикистон, Панҷакент)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳқиқи нашрҳои “Тазкират-ул- хавотин”-и Маликулкуттоби Шерозӣ” ва пажуҳишҳои дар робита ба он анҷомёфта бахшида шудааст. Дар ҷараёни баррасиҳои хеш муаллиф муқаррар намудааст, ки ин тазкира бори аввал дар замони зиндагонии худи соҳиби он, яъне дар соли 1306 дар матбааи Бомбай ба чоп расидааст. Шакли мухтасари он бошад соли 2018 ба кӯшиши адабиётшиноси тоҷик Мухлиса Нуруллоева дар Тоҷикистон ба чоп расидааст. Бо он ки то кунун дигар нашрҳои тазкираро дар ихтиёр надорем, вале таҳқиқу баррасии он хеле барвақт шуруъ гардидааст, ки муаллиф дар идомаи баҳсҳои илмии хеш роҷеъ ба корҳои то кунун анҷомёфта ва таҳқиқоти алоҳидаи адабиётшинос Фотима Алиева дар бораи он андешаҳои худро баён доштааст. Муаллифи мақола ба хулосае расидааст, ки ҳарчанд муҳаққиқон ин тазкираро нусхабардории тазкираи “Хайроти ҳисон”-и Муҳаммаҳусайни Мароғӣ, маъруф ба Эътимодуддалва гуфтаанд, вале истифода аз нусхаи аввалини он маълум мекунад, ки муаллиф дар баробари истифода аз маводи ин тазкира ё тазкираҳои дигар аз худ иловаҳое ҳам кардааст. Баробари ин, дар мавридҳои зарурӣ ба истифодаи худ аз матолиби ин тазкираҳо ишорат ҳам кардааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шеър, занони суханвар, адабиёти форсӣ, тазкира, “Тазкират-ул-хавотин”, тазкираҳои бонувони суханвар, адабиёти асри ХIХ, тасҳеҳ, таҳқиқ , нашр