Тозанашр
ҚОБИЛИЯТИ ФИКРӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ САЛОҲИЯТҲОИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ (ИНКИШОФИ НУТҚ)
МУАЛЛИФ: Қаюмова Оминаҷон Эргашевна, муаллимаи калони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ, факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва махсус, МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллиф масъалаҳои асосии ташаккули тафаккур ва нутқи хонандагони хурдсолро дар раванди дарсҳои забони модарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар асоси он истифодаи усул ва фаъолиятҳоеро нишон дода шудааст, ки ба масъалаи сухан кардан ва фикр карда, амал намудани хонандагон нигаронида шудааст. Муҳтавои асосии мақоларо ташаккули қобилияти фикрӣ ва инкишофи нутқу тафаккури хонандагони хурдсол ташкил медиҳад.Маълум аст, ки забон воситаи омўзиши њамаи фанњо мебошад. Муаллиф чунин мешуморад, ки танњо дар дарсњои забони модарї масъалањои инкишофи нутќ маќсаднок, бо низоми муайян, такя ба донишњои лингвистї ва мањорату малакаи забонии хонандагон амалї мегардад. Ташаккули нутќи сањењ аз омўзиши воњидњои асосии забон ба даст меояд, ки ин масъала пеш аз ҳама, дар Стандарти зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, инчунин дар Барномаи таълимии фанни забони модарӣ мавриди баррасї ќарор гирифтааст ва он низ њадафи асосии таълим буда, таъмини инкишофи нутќи хонандагон, ташаккули мањорат ва њосил намудани малакаи озодбаёнию татбиқи он дар нутқи хаттиро дар бар мегирад. Мавзуи мазкур ба ҳалли масъалаҳое, ки роњу василањои тезонидани фаъолияти фикрї, инкишофи нутќ ва тафаккури хонандагони хурдсолро дар бар мегирад,нигаронида шуда, муаллиф наќши амалиёти мантиќиро дар баландшавии сатњи маърифатии хонандагон мавриди тадќиќ ќарор додааст. Њaмин тaриќa, тaшaккули мaњорaти истифодaи aмaлиёти мaнтиќї-таҳлилу таркиб, муқоисаю муҳокима вaзифaи њaмa фaнњои тaълими ибтидої будa, aз муaллим кори мунaззaму бa нaќшa гирифтaшудaро тaќозо мекунaд.Мaњз aз бaр кaрдaни aмaлиёти мaнтиќї бa тaлaбaгон имкон медињaд, ки нисбaти мaводи тaълимї муносибaти бошууронa нaмоянд, ки он дaр нaвбaти худ рaвaнди тaълимро мaтлуб вa фaъолияти хонaндaгонро ихтиёрї месозaд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тафаккур, зеҳн, фаъолияти ақлию зеҳнӣ, салоҳиятнокӣ, нутқи шифоҳию хаттӣ, амалиёти мантиқӣ, усули қисман тадқиқотию ҷустуҷӯӣ