Тозанашр
ИСТИФОДАИ АСОСҲОИ АМСИЛАСОЗИИ КОМПЮТЕРӢ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ МАТЕМАТИКӢ ВА ИТТИЛООТИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ОЛИИ ТЕХНИКӢ
МУАЛЛИФ: Рахимов Амон Акпарович, н.и.п., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ДПДТТХ ба номи акад.М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Яке аз хусусиятҳои муҳими замони муосир ин васеъ истифода бурдани усулҳои математика дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон мебошад. Истифодаи васеъ ва босуръати усулҳои математика дар илму техника, иқтисодиёт ва дар дигар соҳаҳо пас аз пайдоиш ва такмили босуръати мошинҳои ҳисоббарори электронӣ имконпазир гардид. Истифодаи мошинҳои электронӣ барои ташакулёбии математикаи амалӣ мавқеи муҳим бозида дар ҳалли масъалаҳои техникӣ ва истеҳсоли нотакрор мебошад.Дар мақолаи мазкур истифодаи амсилазоии математикӣ ва компютерӣ дар ҳалли масъалаҳои математикӣ ва технологияҳои информатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шудааст. Масъалаҳои оварда шуда, ба воситаи амсилаҳои математикӣ ифода карда шуда, ҳисобкуниҳои онҳо дар муҳити барномаи компютерии Ms Excel тарҳрезӣ карда шудаанд. Истифодаи чунин усули таълим шавқу ҳавси донишҷӯёнро оиди таълими фан васеъ мегардонида ва барои донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ хеле муфид арзёби карда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
амсиласозии компьютерӣ, усули таълим, тайёри донишҷӯён, мактаби олии техникӣ, амсила, таълими касбӣ