РОҲҲОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАВҚИ ХОНАНДАГОН БА КАСБУ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ БО ИСТИФОДА АЗ МЕТОДҲОИ КОРҲОИ ОЗМОИШИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рӯзиева М.Д..pdf)Рӯзиева М.Д.РОҲҲОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАВҚИ ХОНАНДАГОН БА КАСБУ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ БО ИСТИФОДА АЗ МЕТОДҲОИ КОРҲОИ ОЗМОИШИЮ ТАҲҚИҚОТӢ6

 


МУАЛЛИФ: Рӯзиева Мавлюда Давроновна, дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(78).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи роҳҳои муайянкунии шавқи талабагон ба касбу ҳунарҳои миллӣ тавассути методҳои озмоишию тадқиқотӣ бахшида шудааст. Қайд мегардад, ки озмоиши педагогӣ таҷрибаи илмии дигаргунсозии раванди педагогӣ дар вазъияти аниқ баҳисобгирифта мебошад. Бар хилофи дигар методҳо, ки чизи аллакай мавҷударо сабт мекунанд, озмоиш дар педагогика хусусияти созандагӣ дорад. Бо роҳи озмоиш, масалан, метод, равиш, шакл, низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ ба амалия роҳ меёбанд. Зикр мешавад, ки озмоиши педагогӣ метавонад гурӯҳи хонандагон, синф, мактаб ё якчанд мактабро дарбар гирад. Дар озмоиш ба фарзияи илмӣ нақши муайянкунанда дорад. Озмоиши педагогӣ бо мушоҳидаи педагогӣ алоқаи зич дошта, бештар омӯзиши озмоишӣ аз натиҷаи мушоҳидаи одии пешакӣ аз болои ҳодисаҳо ба вуқӯъ меояд. Аз ҳамин лиҳоз, натиҷаҳои озмоиш дар оянда барои мушоҳида кардани ҳодисаҳо дар шароитҳои муқаррарӣ ёрӣ мерасонад. Дар мақола баҳс бобати мафҳуми озмоиш, таъинот ва намудҳои он рафта, аз сарчашмаҳои луғативу адабиёти илмӣ, аз нигоҳҳои олимони ватаниву хориҷи мавриди баррасӣ қарор дода шуда, асоснок карда шудааст. Инчунин аз тарафи муаллиф бо мақсади муайян намудани шавқи хонандагон ба касбу ҳунарҳои миллӣ дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд озмоиш гузаронида шуда, бо натиҷаи бадастомада ҷамъбаст намуда, хулосабарорӣ карда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

озмоиш, озмоишҳои табиӣ, озмоишҳои лабораторӣ, марҳилаҳои гузаронидани озмоишҳо, тест, технология, маҳфил, касб, ҳунарҳои миллӣ